сулук — I [سلوک] а. кит 1. роҳ рафтан, роҳ паймудан 2. равиш, рафтор; муомила 3. тарзи зиндагии аҳли тасаввуф, дарвешона ва парҳезгоронаи сӯфиён II [سلوک] а. кит 1. рафтор, равиш 2. дар тасаввуф тарзи рафтори сӯфиён; тариқат; сайри сулук кардан… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
азимут — [ازيمت] (аз ассумут и арабӣ) кунҷи байни хати ҳаракати муайян ва самти шимол, ассамт: аз рӯи азимут роҳ паймудан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
давр — [دور] а 1. гардиш, чархиш, ҳаракат дар гирди чизе; даври фалак гардиши фалак, чархи фалак; замона, рӯзгор 2. навбат (дар бозӣ, овоздиҳӣ дар интихобот ва ғ.); даври ҷом гардиши бонавбати ҷоми май дар давраи аҳли сӯҳбат 3. айём, ҳангом; вақт, замон … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
навардидан — [نورديدن] кит 1. печидан, печонидан, қат кардан 2. тай кардан, паймудан, гузаштан; гаштан, гардидан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
паймо — [پيما] 1. паймоянда, тайи масофакунанда 2. ҷузъи пасини калимаҳои мураккаб ба маънои паймудан, тай кардан: баҳрпаймо, ҳавопаймо … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
паймоиш — [پيمايش] 1. паймудан, масофа тай кардан 2. андоза гирифтан, чен кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
пайсипорӣ — [پي سپاري] кит 1. роҳпаймоӣ, равандагӣ, гашту гузор; пайсипорӣ кардан роҳ тай кардан, роҳ паймудан, гашту гузор кардан 2. лагадкӯбӣ, поймол кардан, зери по кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
раҳсипорӣ — [رهسپاري] роҳ паймудан, роҳгардӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
санҷидан — [سنجيدن] 1. баркашидан, вазн кардан, паймудан 2. озмудан, имтиҳон кардан; таҳқиқ кардан, тафтиш кардан 3. андоза гирифтан, муқоиса кардан, қиёс намудан чизеро бо чизе … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
убур — [عبور] а. гузаштан, тай кардан, гузаштан аз об (ҷӯй, дарё ва ғ.); гузариш: вақти убур, ҷои убур; убур кардан гузаштан оберо; паймудан роҳеро ◊ убуру мурур рафту омад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ